20 январ дар Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Вершинин баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни суҳбат ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар масоили муқовимат ба таҳдиду хатарҳо дар доираи абзорҳои бисёрҷониба баррасӣ шуд.
Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷониба табодули афкор намуданд.