1 феврал дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ додаанд.
Дар ин ҷашн кишоварзони тамоми шаҳру навоҳии мамлакат асбоби кори кишоварзӣ, навъҳои тухмии зироат ва техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш мегузоранд. Дар ин рӯз ҳамзамон намоиш-фурӯши ниҳол доир мешавад.
Ҷашни Сада тибқи «Ҷадвали баргузории солгард, фестивали намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 гузаронида мешавад.
Дар ҷашни Сада олимони соҳаи кишоварзӣ, тухмипарварони мамлакат ва боғпарварон навъҳои гуногуни зироати донагӣ ва ниҳолу буттаҳоро ба намоиш гузошта, ба деҳқонон роҳу усули парвариши онро тавсия медиҳанд.