РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имрӯз дар Агентии хизмати давлатӣ, Академияи идоракунии давлатӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ доир мегардад

28 январ дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба ҷамъбасти соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Саридораи геология соати 08:00 доир мегардад.

Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ соати 09:00 баргузор  мешавад.

Нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатӣ соати 10:00  ва Академияи идоракунии давлатӣ соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Академияи идоракунии давлатӣ баргузор мешаванд.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишасти матбуоти соати 10:00 ва нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соати 10:00 баргузор мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram