РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазорати фарҳанг: Дар соли 2024 12 озмуни ҷумҳуриявӣ ташкил ва баргузор карда шуд

Дар соли 2024 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 озмуни ҷумҳуриявӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Ҳамчунин, дар соли 2024 дар маҷмуъ 191 чорабини доир гардида, дар ин зимн, бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж, таҷлили Истиқлоли давлатӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ ва ноҳияи Рашт, Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои муштараки “Шоми дӯстӣ” бо ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Ӯзбекистон, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Давлати Кувайт, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон, Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳо дар ҳошияи баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, Фестивал-намоиши ҳунарҳои мардумӣ “Бозори ҳунар”, Фестивал-симпозиуми байналмилалии “Шашмақом”, Фестивали намоиши либосҳои миллӣ таҳти унвони “Ганҷинаи мерос”, Фестивали байналмилалии “Рақс моро муттаҳид менамояд” ва дигар барномаҳои фарҳангӣ аз муҳимтарин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар ин давра ба шумор мераванд.
Дар мавриди бунёди иншоотњои фарҳанги бошад, дар соли 2024 дар ҷумҳурӣ 50 иншооти таъиноти фарҳангӣ азнавсозӣ ва сохта ба истифода дода шуданд. Дар ин радиф, 4 иншоот дар шаҳри Душанбе, 4 иншоот дар ВМКБ, 10 иншоот дар вилояти Суғд, 12 иншоот дар вилояти Хатлон ва 20 адад иншоот дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Иттилоъ дода шуд, ки доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар давраи ҳисоботи рушд намуда аз он љумла 9 санад бо Давлати Қатар, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Италия ба тасвиб расид.
Намояндагони аҳли эҷод ва ҳунари ҷумҳурӣ дар 45 чорабинии илмӣ-фарҳангӣ, озмун ва фестивалҳои байналмилалӣ, ки дар 18 кишвари дунё баргузор гардиданд, ширкат варзида, дар ҷумҳурӣ 15 чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор карда шуданд.
Зеваршоҳ УКТАМШОҲЗОДА
Радиои «Фарҳанг»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram