28 январ Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ тибқи расмиёти кишвари иқомат нусхаи эътимодномаи худро ба директори генералии ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Туркия Ахмет Мироглу супорид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар фарҷоми чорабинӣ мулоқоти судманд атрофи масоили ҳамкории минбаъда доир гардид.