Шумораи аввали маҷаллаи “Сиёсати хориҷӣ”– нашрияи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид. Он мақолаҳои арзишманд дар мавзуъҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, муҳитзистӣ, таърих, фарҳанг ва ғайра, ки маҷмуан самтҳои мухталифи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра менамоянд, дар бар мегирад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷалла бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардидааст, ки ҳадафи асосии он мусоидат ба татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикоси ҳамаҷонибаи он, таҳлилу баррасӣ, комёбӣ, натиҷагирӣ, мушкилот ва дурнамои ин самти муҳими давлатдорӣ дар миқёси ҷаҳон аст.
Дар саҳафоти ин шумора мақолаҳое ба табъ расидаанд, ки бозгӯйи гуфтаҳои болоанд. Инчунин, дар бахши “Маърифати дипломатия” тавсияҳои сафирон, дипломатҳои собиқадор нашр шудаанд, ки барои фаъолияти минбаъдаи дипломатҳои ҷавон маслиҳатҳои хубе мебошанд.
Маҷаллаи мазкур ба доираи васеи хонандагон, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, пажӯҳишгарон, сиёсатшиносон, олимон, кормандони соҳаи илм, донишҷӯён ва донишандӯзони бахши муносибатҳои байналмилалӣ ва умуман, ҳаводорони соҳа нигаронида шудааст.
Кормандони маҷалла омодаанд, дар саҳафоти маҷалла мақолаҳои намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, корпуси дипломатии хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, коршиносон ва донишмандонро ба табъ расонад.