Аз аввали соли 2024 -ум 140 ҷорабинӣ дар самти кор бо ҷавонон, чорабинӣ дар бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарон, 26 чорабинии варзишӣ, 20 чорабинӣ дар хобгоҳи донишҷӯен, дар умум 247 чорабинӣ ташкил ва гузаронида шудааст.
Мувофиқи нақшаи дарсҳои сарпарастӣ дар донишгоҳ дар ин давра 79 дарси намунавии сарпарастӣ гузаронида шуд.
Дар донишгоҳ курсҳои омӯзишии “Кадбону”, гулдӯзии “Чакан”, “Пешхизматҳо” ва “ Дӯзандагӣ” ба тариқи ройгон ташкил карда шудааст.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Қурбонова Ширинмоҳ — донишҷӯи курси 4, ихтисоси 250104036 — андоз ва андозбандии донишгоҳ дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷои дуюм гардида, бо мукофоти пулӣ, Диплом сарфароз ва аз маблағи таҳсил пурра озод карда шудааст.
Зеваршоҳ УКТАМШОҲЗОДА
Радиои «Фарҳанг»