31 январ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам оид ба ҷамъбасти соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.
Нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм соати 08:30 дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (кӯчаи академик А.Адҳамов,11/2 рӯ ба рӯи Литсейи рақами 4) баргузор мешавад.
Нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон соати 09:30 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон доир мегардад.
Дар Маркази миллии қонунгузорӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 ва дар Кумитаи рушди маҳалсоати 10:00 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соати 09:00 ва дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон соати 10:00 баргузор мешавад.