РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Девони Имомати Исмоилия барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

5 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Девони Имомати Исмоилия барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Дар робита ба даргузашти Волоҳазрат Шоҳзода Карим Оғохони IV ҳамдардии самимии инҷонибро иброз менамоям.

Шодравон бо талошҳои пайвастааш дар роҳи ҳифзи сулҳу субот, пешрафту нумӯи ҷаҳони ислом ва татбиқи ҳадафҳои рушди умум дар арсаи байналмилалӣ маъруфият пайдо намуда, соҳиби мақому манзалати хосса гардидааст. Вобаста ба ин мехоҳам саҳми ӯро дар пешбурди ҳамкорҳои созанда бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намоям.

Бо изҳори  хотироти нек ва эҳтиром нисбати марҳум таъзияву таслият ва ғамшарикии амиқи хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба наздикону пайвандони ӯ иброз намуда, аз даргоҳи Худованд ба онҳо сабри ҷамил хоҳонам».

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram