РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои навбатии зимистонаи осиёӣ дар Ҳарбини Чин иштирок мекунанд

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои навбатии зимистонаи осиёӣ, ки аз 7 феврал то 14 феврали соли 2025 дар Ҳарбини Чин баргузор мешаванд, иштирок менамоянд. Дар ин хусус аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар бозиҳо варзишгарони тоҷик Икромиддин Абдуллозода, Маҳмадраҷаб Холиқов, Саидашраф Эшонов ва Маъруфҷони Миралӣ аз рӯйи намуди варзиши лижаронии кӯҳӣ иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Шурои олимпии Осиё тилисм, рамз ва шиори бозиҳоро тасдиқ намуд, ки он чун «Афсонаҳои зимистона, муҳаббат дар маркази Осиё» («Dreams of Winter, Love among Asia») садо медиҳад.

Бояд гуфт, ки Ҳарбин аллакай соли 1996 мизбони Бозиҳои зимистонаи Осиё шуда буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram