РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар шаҳри Теҳрон ба гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон ташриф овард

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар доираи Намоишгоҳи 18-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон «Tehran International tourism and Related Industries Exhibition» ки имрӯз, 11 феврал дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз гардид, гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро тамошо намуд. Дар ин хусус аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён вобаста ба эҳтироми хосса доштанаш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода имконоти сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун туҳфаи хотиравӣ ҷома ва тоқии тоҷикӣ тақдим намуд.

Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳ то 14 феврали соли равон идома ёфта, дар ҳошияи он вохӯриҳои дуҷониба барои ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва зиёд намудани шумораи сайёҳон доир мегарданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram