РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Мусобиқаи “Ҷоми шуъбаи маориф” дар ноҳияи Сино ҷамъбаст гардид

Шуъбаи маорифи ноҳияи Сино байни омӯзгорон футболи хурдро ҷиҳати дарёфти “Ҷоми шуъбаи маориф” мусобиқа баргузор кард. 10-уми январи соли равон маросими қуръакашии мусобиқаи мазкур баргузор шуд ва дастаҳои иштирокчӣ рақибони хешро шинохтанд.

Дар натиҷаи беш аз як моҳи рақобатҳо дар финали мусобиқа дастаҳои МТМУ -и рақами 97 ва МТА-и рақами 27 бо ҳам бозӣ карданд. Пирӯзӣ насиби дастаи МТМУ-и рақами 97 шуд. Медалҳои биринҷӣ насиби дастаи Гимназияи 1 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе гардид.

Мақсад аз баргузор намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла футболи хурд байни кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа ба машғулияти мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва мустаҳкам намудани алоқаи дӯстии байниҳамдигарӣ мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки футбол яке аз намудҳои рушдёфтаи соҳаи варзиш дар қаламрави Тоҷикистон ва ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар байни аҳолӣ нисбат ба дигар намудҳои варзиш маҳбубияти зиёд касб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо барои рушди ин намуди варзиш тамоми имкониятро фароҳам овардааст. Таъмини рушди футбол дар Тоҷикистон ва дастгирии варзишгарон, хусусан футболбозон дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

Бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Дар робита ба ин, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул намуд, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон ду давлати дигар, аз ҷумла Баҳрайн ва Либия низ онро дастгирӣ карданд.

Дар қатъномаи мазкур аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузарондани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram