18 феврали соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии гуманитарӣ, ҳамраиси Раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақи М.Швидкойро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои танзими Форуми зиёиён ва эҷодкорони илмӣ, ҷаласаи навбатии Раёсати ББҲГ, Шурои оид ба ҳамкориҳои гуманитарӣ, инчунин маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба лауреатҳои ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод” ва ҷоизаи байналмилалии “Иттиҳоди нахустиқдомҳо”, ки баргузории онҳо дар давраи раёсати Тоҷикистон дар ш. Душанбе дар соли 2025 сурат мегирад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи як қатор чорабиниҳои Тоҷикистону Русия дар самти гуманитарӣ табодули афкор сурат гирифт.