6-уми март Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони Ташкилоти санъат ва фарҳанги байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Афшин Дерамбахш ва Тилл Брекнер мулоқот намуданд. Дар ин бора аз вазорати мазкур хабар доданд.
Дар ин мулоқот масъалаи баргузории намоиши асарҳои рассоми машҳур -Гюнтер Уэккерро дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.