РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермакбаевро ба ҳузур пазируфтанд

14 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермакбаевро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳамкории бисёрҷонибаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти пурсамари Созмон давоми 24 сол ва ҳамкории кишварҳои аъзо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки “Тоҷикистон аз раванди навсозии ҳамаҷонибаи Созмони ҳамкории Шанхай, ки бо қарори сарони давлатҳои аъзо оғоз ёфтааст, фаъолона дастгирӣ менамояд.

Ба рушди ҳамкории кишварҳои аъзо дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, молия ва бонкӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Масъалаҳои таъмини амну субот, мубориза бо терроризму экстремизм, сепаратизм, ҷинояткории созмонёфтаи фаромилӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳо ба минтақа аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.

Ҳамчунин оид ба татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай то соли 2030 ва аҳамияту афзалияти ташкили Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар шаҳри Душанбе табодули афкор сурат гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram