3 майи соли 2025 — Дар макони зебоманзари Green Wood House (шаҳри Ҳисор) чорабинии ҷамъбастии аксияи экологии «Моҳи ҳифзи пиряхҳо 2025», аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо GIZ, баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи мазкур хабар доданд.
Дар ҷараёни баргузории чорбании мазкур таваҷҷуҳи ҳазорҳо сокинон ба масъалаҳои обшавии пиряхҳо ва идоракунии устувори об ҷалб гардиданд. Дар байни рӯйдодҳои асосӣ:
ду подкастҳои махсус
ду пахши радио дар мавҷҳои миллӣ
викторинаи онлайн бо зиёда аз 100 иштирокчӣ
онлайн челленҷ «Ҳифзи пиряхҳо»
озмуни рассомӣ «Ҳифзи пиряхҳо ояндаи мост» бо иштироки 60 рассоми ҷавон
Дар чорабинӣ ғолибони озмунҳои болозикр ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби Кумита қадрдонӣ гаштанд.
Дар баромади худ намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тотористон қайд кард:
«Ҳамкории фаъол бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонон калиди муваффақият дар ҳифзи пиряхҳо мебошад «.
Натиҷаҳои аксияи экологии як қисми омодагӣ ба Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (Душанбе, 29-31 майи соли 2025) хоҳад буд.