Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни касбӣ, ки ҳамасола 6 май ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ таҷлил карда мешавад бо роҳбарии Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо аз Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дидан намуданд. Дар ин бора аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни боздид роҳбалади осорхона таъкид намуд, ки Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ба ифтихори таҷлили 30 солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо иштироки Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 апрели соли равон ифтитоҳ шудааст, аз 15 бахш иборат буда, ҳуҷҷатҳои таърихии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастовардҳои кишварро, ки аз барномаҳои пешазинтихобии ҲХДТ маншаъ мегирад инъикос менамояд.
Баъд аз боздид аз осорхона, бо иштироки Муовини якуми ҲХДТ Неъматзода Маликшо дар вазъияти тантанавӣ ба нафароне, ки нав ба сафи ҳизб дохил гардидаанд шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуда, ба фаъолони соҳа Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим гардид.