РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Салтанати Умон Конфронси байналмилалии «Осорхонаҳо ва нақши онҳо дар тавсеаи гардишгарӣ» ҷамъбаст гардид

18-20 майи соли 2025 ба ифтихори Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Вилояти Маноҳи Салтанати Умон Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Осорхонаҳо ва нақши онҳо дар тавсеаи гардишгарӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар кори конфронс 41 нафар олимону коршиносони соҳаи осорхонашиносӣ аз 21 кишвари олам, аз ҷумла Россия, Эрон, Миср, Урдун, Судон, Алҷазоир, Тунис, Сурия, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Амрико, Бруней, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Малайзия ва Индонезия иштирок намуда, роҷеъ ба аҳамияти осорхонаҳо дар рушди соҳаи сайёҳӣ суханронӣ намуданд.

Дар ин конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини аввали директори Осорхонаи миллӣ Зарифӣ Алишер Наҷмиддин намояндагӣ намуда, дар мавзуи «Нақши Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар рушди сайёхии фарҳангӣ» маърӯзаи илмӣ намуданд.

Пас аз пешниҳоди гузоришҳои илмии иштирокчиён ва табодули афкор миёни мутахассисони соҳа, конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Осорхонаҳо ва нақши онҳо дар тавсеаи гардишгарӣ» ҷамъбаст гардид.

Дар охир аз ҷониби намояндагони ҳукумати Салтанати Умон ба иштирокчиёни конфронс Сертификатҳои байналмилалӣ ва ҷоизаи махсуси конфронс тақдим карда шуд. Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур ба таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ байни кишварҳо ва рушди устувори бахши сайёҳӣ бо истифода аз захираҳои фарҳангии мавҷуда, аз ҷумла осорхонаҳо, равона шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram