РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндагони Тоҷикистон дар Озмуни XXXII моделони ҷавон ва тарроҳони либос иштирок доранд

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Озмуни XXXII моделони ҷавон ва тарроҳони либос таҳти унвони «Нафаси баҳор» баргузор шуда истодааст, ки дар он намояндагони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон иштирок доранд. Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн хабар доданд.

Дар озмуни мазкур, ки аз 16 то 23 майи соли 2025 дар Мактаби муҳандисии либоси Донишгоҳи давлатии технологияҳои саноатӣ ва дизайни Санкт-Петербург ҷараён дорад, Зумрад Умарова, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишкада ва Шоева Фотима, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси санъатшиносии факултети тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ иштирок доранд.

Дар озмуни мазкур Зумрад Умарова, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишкада, ҳамчун узви ҳайати доварон ба кори иштирокдорон баҳогузорӣ мекунад.

Дар сабқати мазкур коллексияи донишҷӯён Шоева Фотима ва Шоева Зуҳро таҳти унвони «Нигини Шоҳнома» намоиш дода шуд. Дар ҳар як либоси коллексияи мазкур унсурҳои миллӣ бо нозукии хосса дарҷ гардида, дар намунаҳои либосҳои офаридаи ин донишҷӯён матоъҳои рангоранги миллӣ бо услуби замонавӣ истифода шудаанд, ки аз ҷониби иштирокдорон хуб пазируфта шуданд.
Бояд гуфт, ки озмуни «Нафаси баҳор» умумирусиягӣ буда, дар он тарроҳон ва моделони ҷавон аз тамоми минтақаҳои Русия ва иштирокдорони хориҷӣ аз кишварҳои узви ИДМ даъват мешаванд. Иштирокчиёни озмун донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соҳаи тарроҳӣ, моделсозӣ ва санъат, инчунин, мутахассисони ҷавон, ки на камтар аз 3 сол дар ин соҳа фаъолият доранд, мебошанд.

Озмун соли 1992 аз ҷониби Мактаби муҳандисии либоси Санкт-Петербург таъсис дода шуда, ҳадафи он таҳия ва пешниҳоди коллексияҳои муосиру ҷаззоб, нерӯи кадрӣ дар соҳаҳои мӯду дизайн мебошад.

Имрӯз гала-намоиши либосҳои ғолибони озмун намоиш дода шуда, ҷоизадорон муайян ва қадрдонӣ карда мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram