РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба истифода дода мешавад

Интизор меравад, ки моҳи июни соли равон агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори 3,6 МВт ба истифода дода шавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тавре иттилоъ дода мешавад, то имрӯз 85 дарсади корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ ба анҷом расидааст.

Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори 11 МВт дар дарёи Шоҳдара сохта шуда, баъди мавриди истифода қарор дода шудани он иқтидори умумии энергетикӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 25 дарсад меафзояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram