РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр фестивал баргузор гардид

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр бо ибтикори Муассисаи давлатии “Ҳудудҳои табиии давлатии махсус муҳофизатшаванда” – и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 майи соли ҷорӣ дар Мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Дашти Ҷум» Фестивали «Морхӯр – 2025» баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 майро ҳамчун Рӯзи байналмилалии морхӯр эътироф намуд.

Дар фестивали мазкур Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шерализода Баҳодур, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин — Гулзода Зафар, директори институти зоология ва паразиталогияи АМИТ – Қадамзода Дилшод, инчунин намояндаи ташкилоти намояндаи Созмони байналмилалии ҳифзи табиат Ҳуан Ҳерейро баромад намуданд.

Фестивал дар фазои идона баргузор шуда, унсурҳои фарҳангӣ, муҳити зист ва маърифатиро ба ҳам меоварад. Ҳадафи асосӣ — баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа оид ба ҳифзи табиат, нигаҳдории намудҳои нодири ҳайвонот, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва муаррифии мероси фарҳангиву кишоварзии минтақа мебошад.

Дар ҷараёни чорабинӣ меҳмонон аз намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии дастовардҳои соҳа дар самти ҳифз ва нигаҳдории популятсаи бузи куҳии морхӯр дидан намуданд.

Қисми ҷолиби фестивал сарфароз гардонидани иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои арзишманд, инчунин бо туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ намудани ғолибони озмунҳо барои беҳтарин расм, беҳтарин иншо ва беҳтарин ролик дар бораи морхур мебошад, ки бо мақсади баланд бардоштани дониши экологӣ, бахусус миёни наврасону ҷавонон роҳандозӣ шудаанд. Фестивал бо барномаи рангини фарҳангӣ ба анҷом расид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram