Дар 21 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 32 нафар кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо тренерон барои кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварти омӯзишӣ баргузор менамоянд. Дар ин хусус аз Маркази миллии тестӣ хабар доданд.
Ҳайати гурӯҳи корӣ барои ташкил ва баргузории машварати омӯзишии тренерон барнома, модули омӯзишӣ ва маводи иловагии ёрирасонро омода намудааст. Пас аз ду рӯзи дарсӣ ба шунавандагон дар асоси дарси гузашта саволномаҳо пешниҳод карда мешавад. Аз ҷумла, 26 май дар Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади омодагӣ барои баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2025 семинари омӯзишӣ барои тренерон оғоз гардид.
Дар оғози семинар директори Марказ Сабзалӣ Ҷаъфарзода вобаста ба моҳият ва тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ маълумот дода, аз масъулин ва иштирокдорони машварат даъват кард, ки барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ ва босифат анҷом додани корҳо дар ин самт талош намоянд.
Тренерони баъди омӯзиш омодашуда кормандони муваққатии марказҳои имтиҳониро меомӯзонанд ва онҳоро барои қабул ва гузаронидани имтиҳонҳо тайёр менамоянд.
Семинарҳои омӯзишии тренерон барои намояндагони шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки 23 нафар шунаванда аз 26 то 27 майи соли 2025 дар Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз 29 то 30 май дар дар шаҳри Хуҷанд барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки 18 нафар шунаванда, аз 29 то 30 май дар шаҳри Бохтар барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон бо иштироки 14 нафар шунаванда, аз 29 то 30 май дар Муассисаи таҳсилоти умумии № 6-и шаҳри Кӯлоб барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки 16 нафар шунаванда баргузор мегарданд.