РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳайати Беларус бо мақсади иштирок дар бизнес-форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғду Минск ба Тоҷикистон омаданд

27 май Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус Алексей Кушнаренкоро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ҳайати вилояти Минск зери роҳбарии Алексей Кушнаренко шоми дирӯз бо мақсади иштирок дар бизнес-форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғду Минск ба вилояти Суғд ташриф овард.

Айни замон дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Гулистон мулоқоти ҳайатҳо ҷараён дорад.

Дар назар аст, ки давоми рӯз дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо иштироки соҳибкорони ду тараф бизнес-форум доир гардида, нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ байни вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус ва вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram