РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид Кетрин Мери Расселро ба ҳузур пазируфтанд

28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид — ЮНИСЕФ Кетрин Мери Расселро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ баррасӣ гардид.

Таъкид шуд, ки давоми 30 соли ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон барномаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои ҳифзи саломатии модару кӯдак, таҳсилоти босифат, солимии ҷавонон, ислоҳоти сиёсати иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак амалӣ гардид.

Мукаммал кардани муҳити омӯзиш, такмили сифати таълими кӯдакони хурдсол ва синни томактабӣ аз масоили муҳими ҳамкории оянда, аз ҷумла тавассути рушди рақамикунонии раванди таълим, дониста шуд.

Директори иҷроияи ЮНИСЕФ талошҳои пайвастаи Пешвои миллатро ҷиҳати фаро гирифтани кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ, ҷалби духтарон ба раванди таълиму тарбия ва умуман рушди соҳаи маориф дар кишвар баҳои баланд доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram