РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе Форуми «Кишоварзӣ дар замони талафоти пиряхҳо» оғоз гардид

Дар доираи Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе Форум дар мавзуи »Кишоварзӣ дар замони талафоти пиряхҳо: мубориза бо хушксолӣ, обхезӣ тавассути истихроҷи карбон ва устуворӣ дар минтақаҳои вобаста ба пиряхҳо » идома дорад.

Ин форум коршиносону олимон ва масъулини вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои гуногунро ҷамъ овардаааст, ки мавзуъҳои заруриро матраҳ намуда истодаанд. Аз ҷумла муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Нигина Анварӣ, дииектори Департаменти ҷангал дар Сардафтари ФАО Ву Жимин Дииектори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам, муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотамшо Латифзода ва намонядагон аз Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон суханронӣ намуда, дар мавриди таъсири тагйирёбии иклим ба муҳити зист, обшавии пиряхҳо, таъсири он ба соҳаи кишоварзӣ, вобастагии обу замин андешаронӣ гамуда, ҳамагонро ба ҳамкорӣ даъват намуданд.
Таъкид карда шуд, ки ин форум як платформаи хуби тавсеаи ҳамкории коршиносону таҳлилгарон ва омолагӣ ба мутобиқшавӣ дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад.


Форум дар Панели ‘Муносибат ба куҳҳо ва пиряхҳо бо дарназардошти захираҳои об, бехатарии озукаворӣ ва васоити таъмини зиндагӣ», ва мизи гирд дар мавзуи ‘ Шарикӣ барои куҳҳои солим-сафарбар кардани ҳамаорӣ ва ҳамоҳангсозӣ барои Муқовимат ба иқлим дар экосистемаҳои куҳӣ ва пиряхҳо» идома хоҳад кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram