Имрӯз яке аз чорабиниҳои канории Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ин баргузории Ҷаласа оид ба муботиқшавӣ ва устуворӣ дар шароити хатарҳои пиряхӣ мебошад, ки дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ” бо ибтикори Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAPE) ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳоло бо иштироки коршиносону мутахассисон идома дорад.
Роҳбари Дафтари ҳамоҳангсозии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кристине Товмасян зимни сӯҳбат ба радиои Тоҷикистон таъкид намуд, ки обшавии пиряхҳо ба бештар гардидани офатҳои табиӣ боис гардида, ба давлатҳои минтакаҳо метавонад зарарҳои молиявиро биёрад. Аз ин рӯ ҳамкорӣ дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст намудани таъсири он хеле муҳим аст. Хатарҳои обшавии пирях ҳам метавонад хушксолиҳо биёрад ва ҳам селу обхезиҳои зиёдеро сабаб шавад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ки кишвари куҳистон аст ҳолатҳои фавқулодда бештар ба қайд гирифта мешаванд ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун, ки дар натиҷаи ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмиллалӣ ва институтҳои молиявӣ ба роҳ монда мешаванд, имкон медиҳанд ин хатарҳо бартараф ва пешгирӣ карда шаванд.
Ҷаласаи канорӣ дар мавзӯи “Мутобиқшавӣ ва устуворӣ дар шароити хатарҳои пиряхӣ” идома дошта, аз ҷониби коршиносон натиҷаи таҳлилҳо муаррифӣ мегарданд.