РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири давлатии Ҷопон оид ба корҳои хориҷӣ Фуҷии Ҳисаюки мулоқот намуд

31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири давлатии Ҷопон оид ба корҳои хориҷӣ Фуҷии Ҳисаюки баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла оид ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо аҳаммияти таҳкими ҳамкориҳоро дар татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохторӣ таъкид карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram