РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намоиши ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон дар Чин баргузор мегардад

Намоиши ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад. Дар ин хусус 29 май зимни вохӯрии директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода бо ноиби Президенти Академияи таърихи Чин Ли Готсян иттилоъ дода шуд. Дар ин хусус аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҷонибҳо дар вохӯрӣ доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманд байни осорхонаҳои ду мамлакат мубодилаи афкор намуданд.

Баъдан Ли Готсян ва ҳайати ҳамроҳонаш толорҳои намоишии Осорхонаи миллиро тамошо намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram