РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд

1 июли соли 2025 гуфтугӯи телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Эрон Аббос Ароқчӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рафти сӯҳбат, ки бо ташаббуси ҷониби эронӣ доир шуд, тарафҳо маҷмӯи масъалаҳои робитаҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистону Эрон атрофи вазъи кунунии минтақаи Ховари Миёна табодули назар карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин бори дигар мавқеи устувори Тоҷикистонро вобаста ба ҳаводиси ахир иброз намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram