Гурӯҳи ҳунармандон ва санъаткорони Ҷумҳурии Қирғизистон баъд аз иштирок ва ҳунарнамоӣ дар барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Дӯстии абадӣ», ки дар «Кохи Борбад» ба ифтихори сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон рафта, бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик аз наздик шинос гардиданд. Дар ин бора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, ба меҳмонон дар толорҳои намоишии осорхона сайрҳои осорхонавӣ ташкил карда шуд.
Меҳмонон дар толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо табиати зебоманзари Тоҷикистон, фарҳанги пурғановат ва давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик аз наздик шинос гардиданд.

