РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Филми бадеии муштараки Тоҷикистону Эрон «Моҳӣ дар шаст» дар Теҳрон рӯнамоӣ гардид

21 сентябр дар шаҳри Теҳрон нахустнамоиши филми бадеии «Моҳӣ дар шаст» баргузор гардид. Ин филм нахустин лоиҳаи муштараки «Довфилм»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва ширкатҳои маъруфи эронии «IFilm» ва «30CUP» мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд.

Дар маросими рӯнамоӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори  Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Созмони садо ва симои Эрон Паймони Ҷабалӣ, инчунин таҳиягарон ва гурӯҳи эҷодии филм иштирок намуданд.

Коргардон ва таҳиягари филм Муҳиддини Музаффар буда, филмномаро Бахтиёр Каримов навиштааст.

Филм пурра дар пасманзари табиати зебои Тоҷикистон сабт гардида, садобардорӣ, танзим ва оҳангсозии он дар Эрон анҷом дода шуд. Оҳангсози филм яке аз бастакорони маъруфи Ҷумҳурии Исломии Эрон  Фардин Халъатбарӣ мебошад. Ораш Қосимӣ — садогузор, Имоди Худобахш — танзимгар, Амири Тоҷик ва Муҳиддини Музаффар таҳиягарони филм мебошанд.

Дар нақшҳои марказӣ Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ, Абдулло Абдураҳимзода, Шаҳло Раҳимӣ, Исфандиёр Ғуломов, Моҳпайкар Ёрова, Асалбек Назриев ва Асланшо Раҳматуллоев ҳунарнамоӣ кардаанд.

Дар филм қиссаи писарбачаи 10-сола бо номи Далер нақл карда мешавад, ки дар мактаб-интернат ба воя расидааст. Ӯ ҳамроҳи Самад, ки ба қиморбозӣ майл дорад, дар вақти таътил ба ҷустуҷӯи модараш мебарояд. Ин сафар аз шимол то ҷануби Тоҷикистон тӯл кашида, қаҳрамононро бо рӯйдодҳои ғайриинтизор рӯ ба рӯ мекунад. Дар ниҳоят, Далер бояд қароре қабул кунад, ки масири зиндагии ӯро дигаргун созад.


Нақши қаҳрамони асосӣ — Далерро Абдулло Абдураҳимзода, хонандаи  мактаб-интернати шаҳри Душанбе бозидааст.

Тамошобинони эронӣ филмро бо мароқи зиёд тамошо карда, ба он баҳои баланд доданд. Пас аз анҷоми намоиш мутахассисони соҳаи синамои Эрон кори гурӯҳи эҷодиро тавсиф намуда, онро оғози марҳалаи нав дар ҳамкории синамои Тоҷикистону Эрон арзёбӣ карданд.

Филми «Моҳӣ дар шаст» бори нахуст дар ҷашнвораи бонуфузи «Шлингел» дар шаҳри Шемнитси Олмон, ки аз 27 сентябр то 4 октябр идома меёбад, иштирок менамояд.

Нахустнамоиши филм дар Тоҷикистон дар доираи Синамоҷашнвораи II байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram