РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат: “Аз соли 2027 мо мушкилоти марбут ба неруи барқро фаромӯш мекунем”

«Мо давраҳои душворро паси сар кардем, зимистони соли 2026 сабуктар хоҳад буд ва аз соли 2027 мо мушкилоти марбут ба неруи барқро фаромӯш мекунем», — таъкид карданд, Пешвои миллат. Ин нуктаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.

Пешвои миллат гуфтанд, ки агрегати сеюми НБО-и «Роғун» соли 2027 ба истифода дода мешавад ва то моҳи сентябри соли 2027 истиқлолияти энергетикии кишвар таъмин мегардад.

Ба маълумоти Пешвои миллат барои идомаи сохтмон дар соли ҷорӣ аз буҷети давлатӣ 9 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст ва то имрӯз 60 фоизи корҳои пешбинишуда анҷом ёфтаанд.

Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки соли 2027 Тоҷикистон пурра маҳдудият (лимит)-и истифодаи нерӯи барқро фаромӯш хоҳад кард. Пешвои миллат таъкид намуд, ки ба шарофати ҷорӣ намудани технологияҳои муосири баҳисобгирӣ ва пардохти нерӯи барқ, инчунин рушди фаъоли энергетикаи офтобӣ, кишвар бо захираҳои кофӣ таъмин шуда, тамоми ниёзҳои аҳолӣ ба нерӯи барқ қонеъ гардонда мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки соли 2027 Тоҷикистон ният доранд вобастагии худро аз манбаъҳои анъанавии энергия ба таври назаррас коҳиш дода, энергетикаи офтобиро фаъолона рушд диҳанд. Аз ҷумла, ба нақша гирифта шудааст, ки то 1500 киловатт нерӯи барқи офтобӣ истеҳсол карда шавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram