РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар соли 2025 беш аз 2 миллион шаҳрванди хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намудаанд

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар соли 2025 шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсадҳои гуногуни сафар ба кишвар омадаанд, 2 миллиону 104,7 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Ба гуфтаи раиси Кумита Ҷамшед Ҷумахонзода, аз ин теъдод 1 миллиону 784,4 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ арзёбӣ гардидаанд. Аз шумораи умумии сайёҳон 1 миллиону 634,5 ҳазор нафар аз давлатҳои ИДМ ва 149,9 ҳазор нафар аз кишварҳои хориҷи дур ба Тоҷикистон ворид шудаанд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ дар давраи ҳисоботӣ 191 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 31, шаҳри Душанбе — 93, вилояти Суғд — 42, вилояти Хатлон — 15 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ — 10 ширкат фаъолият доранд.

Ин маълумот зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода ироа гардид.

Робияи Назир,

радиои «Фарҳанг»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram