РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия: беш аз 724 млн сомонӣ ба буҷет барқарор шуд

Дар соли 2025 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия натиҷаҳои назарраси молиявӣ ва ҳуқуқӣ ба даст овард. Дар натиҷаи 467 тафтиш ва санҷиш 924,4 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардида, бо дарназардошти бақияи солҳои қаблӣ дар маҷмӯъ 951,2 млн сомонӣ барқарор карда шуд. Аз ин ҳисоб 724,3 млн сомонӣ ба суратҳисобҳои буҷети давлатӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 340,3 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамзамон, 1979 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта нисбати 1207 нафар ошкор шуда, 819 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 1059 нафар барои баррасӣ ба судҳо ирсол гардид.

Барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии вобаста ба коррупсия нисбати 1644 нафар парванда оғоз шуда, ба маблағи 2,4 млн сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Сулаймон Султонзода Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзноманигорон иттилооъ дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram