Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон ва дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи тадқиқоти хориҷии Токио (Tokyo University of Foreign Studies) дар мавзуи «Устувонаи Куруш: пайванди таърихии гузашта ва ҳозира – назари муосири Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ баргузор шуд, ки дар он профессорон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон хабар доданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳури Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим оид ба ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла қабули қатъномаи ЮНЕСКО таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» ва қатъномаи СММ оид ба эълон намудани соли 2027 «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» маълумот дода, нақш ва аҳаммияти онҳоро шарҳ дод.
Зимни пешниҳоди маърузаҳо дар мавзуи мавриди назар нақши тоҷикон дар таъриху тамаддуни башарият ва дастовардҳои Тоҷикистони муосир ба донишҷӯён муаррифӣ карда шуд.