РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар ёдгории бостонии Сайёд шинос шуд

Имрӯзҳо дар ёдгории таърихии Сайёд, воқеъ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ҳафриёти бостоншиносӣ идома дорад, иттилоъ доданд аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода бо ҷараёни баргузории ҳафриёти бостоншиносӣ, корҳои таҳқиқотӣ, усулҳои анҷомдиҳии ҳафриёт ва бозёфтҳои бадастомада дар ин ёдгории таърихӣ шинос гардид.

Зимни экскурсияи саҳроӣ аз ҷониби Сардори экспедитсияи бостоншиносӣ оид ба хусусияти ёдгорӣ, қабатҳои фарҳангӣ, бозёфтҳои ҷадид ва аҳамияти илмии онҳо маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Таъкид гардид, ки бозёфтҳои бадастомада метавонанд барои омӯзиши таърихи давраи Кушониён ва нақши ин минтақа дар рушди тамаддуни Осиёи Марказӣ маълумоти арзишманд фароҳам оваранд.

Ёдгории Сайёд яке аз муҳимтарин ёдгориҳои давраи Кушониён дар ҷануби Тоҷикистон буда, дар масири таърихии Шоҳроҳи бузурги Абрешим ҷойгир мебошад.

Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ин ёдгории таърихӣ давоми солҳои охир ба таври пайваста таҳқиқоти илмӣ-бостоншиносӣ мегузаронад. Имсол маротибаи чорум аст, ки дар ин ёдгории таърихӣ ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram