15-16 август дар идомаи татбиқи барномаи хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ барои кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои он хатсайри сайёҳии Душанбе – Данғара – Восеъ – Кӯлоб – Муъминобод ташкил карда шуд. Дар ин хусус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар доираи хатсайр кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои он бо якчанд мавзеъҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ, осорхонаҳо ва маконҳои ҷолиби сайёҳии ноҳияҳои Данғара, Восеъ, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Муъминобод шинос шуданд.
Иштирокчиён дар ноҳияи Данғара бо фаъолияти Қасри фарҳанг, шароити фароҳамовардашуда барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, рушди ҳунару эҷодиёти мардумӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ шинос гардиданд.
Таъкид карда шуд, ки рушди инфрасохтори фарҳангӣ дар баробари аҳамияти иҷтимоӣ ба ҷалби меҳмонон ва рушди сайёҳии фарҳангӣ низ мусоидат менамояд.
Сипас иштирокчиён бо фаъолияти Осорхонаи Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара ошноӣ пайдо намуда, дар толорҳои намоишӣ маводу ҳуҷҷатҳо ва дигар нигораҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карданд.
Дар идома иштирокчиён дар ноҳияи Восеъ аз Қалъаи Ҳулбук ва осорхонаи он дидан намуданд. Ин ёдгории бостонӣ аз ҷумлаи мавзеъҳои муҳими таърихии минтақа ба шумор рафта, аз таърихи шаҳрсозӣ, фарҳанг ва тамаддуни гузаштагони тоҷик дарак медиҳад. Иштирокчиён бо бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори таърихӣ ва маълумоти марбут ба зиндагӣ ва фарҳанги сокинони ин маркази қадима шинос гардиданд.
Мавҷудияти чунин ёдгориҳои таърихӣ барои рушди сайёҳии фарҳангӣ ва маърифатӣ имконияти мусоид фароҳам оварда, таваҷҷуҳи меҳмононро ба таърихи куҳан ва мероси ғании фарҳангии Тоҷикистон ҷалб менамояд.
Дар ноҳияи Восеъ иштирокчиён инчунин бо хусусияти табиӣ ва муҳити зебоманзари ҳавзи Қайнар шинос шуданд. Ин мавзеъ барои рушди сайёҳии экологӣ ва истироҳатӣ дар минтақа имконияти мусоид дорад.
Дар идомаи хатсайр дар ноҳияи Муъминобод иштирокчиён бо фаъолияти Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия шинос шуданд. Дар осорхона ба онҳо оид ба таърихи ноҳия, зиндагӣ ва рӯзгори мардум, анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар ҷанбаҳои таърихиву фарҳангии минтақа маълумот пешниҳод гардид.
Яке аз бахшҳои ҷолиби хатсайр шиносоӣ бо мавзеи машҳури Чилдухтарон буд. Иштирокчиён бо табиати зебо, кӯҳҳои сарбафалаккашида ва манзараҳои дилфиреби ин гӯшаи мамлакат шинос шуда, дар доираи барномаи сафар дар кӯҳҳои Чилдухтарон пиёдагардӣ анҷом доданд. Ин қисми барнома ба тарғиби сайёҳии пиёдагардӣ, кӯҳгардӣ ва тарзи ҳаёти фаъол мусоидат намуд.
Дар мавзеи Чилдухтарон инчунин барномаи фарҳангӣ ташкил гардид, ки ба сафар руҳияи идона бахшид. Иштирокчиён дар фазои табиати кӯҳистон аз барномаи фарҳангӣ баҳравар шуда, бо анъанаҳо ва муҳити фарҳангии минтақа аз наздик шинос шуданд.
Иштирокчиён ҳамчунин аз Кохи сайёҳии «Қадамҷойи Пешвои миллат» дидан карданд. Ин макони сайёҳӣ аз як манораи муҳташам иборат буда, аз болои он тамошои манзараҳои зебо ва табиати дилфиреби минтақа имконпазир аст. Аз ин ҷо паҳнои мавзеи хушманзари Чилдухтарон ва кӯҳсору водиҳои атроф намоён мебошад.
Дар атрофи ин макон ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан шинонида шуда, гулу буттаҳои ҳамешасабз ба мавзеъ ҳусну таровати хос бахшидаанд. Ободонӣ ва сабзазоркунии ҳудуди он ҷолибияти сайёҳии ин маконро бештар намуда, онро ба яке аз мавзеъҳои диданбоби ноҳия табдил додааст.
Хатсайри сайёҳӣ баъдан ба шаҳри Кӯлоб идома ёфт. Иштирокчиён аз Маҷмааи оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва осорхонаи он боздид намуданд. Ин маҷмаа яке аз марказҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ ва зиёратии Тоҷикистон маҳсуб шуда, ба ҳаёт ва мероси донишманд, ориф ва мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пайванд дорад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ маҷмааи оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чанд маротиба таъмиру барқарор гардида, ба ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангии кишвар мусоидат намудааст. Зимни шиносоӣ иштирокчиён бо нигораҳо ва маълумоти таърихии марбут ба зиндагӣ, фаъолияти илмӣ ва мероси маънавии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шинос шуданд.
Баъдан дар Осорхонаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ба ҳайати меҳмонон оид ба таърихи чандинҳазорсолаи шаҳр, бозёфтҳои бостоншиносӣ ва марҳилаҳои гуногуни рушди фарҳангиву иҷтимоии ин минтақа маълумот дода шуд.
Дар ҷараёни хатсайр иштирокчиён дар осорхонаҳои Данғара, Кӯлоб ва Муъминобод дар дафтарҳои хотира ёддоштҳо навишта, таассуроти худро аз шиносоӣ бо мероси таърихиву фарҳангии ин минтақаҳо баён намуданд.
Бояд таъкид намуд, ки хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ барои кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои он бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ, муаррифии имконияти бойи таърихиву фарҳангӣ ва табиии мамлакат, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати сайёҳии шаҳрвандон ташкил гардидаанд.
Татбиқи ин иқдом дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе ва бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳии дохилӣ ба роҳ монда шуда, дар доираи он кормандони мақомоти шаҳр бо мавзеъҳои муҳими таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии мамлакат шинос мешаванд.
























