Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо роҳбари ҳайати вакилони Парламенти Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш Шоҳидул Ислом мулоқот намуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими муносибатҳои Тоҷикистон ва Бангладеш, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои байнипарламентӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмию таълимиро баррасӣ карданд.
Файзалӣ Идизода зарурати таъсиси гурӯҳи дӯстии байнипарламентӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Бангладешро таъкид намуда, онро омили муҳими густариши робитаҳои парламентӣ арзёбӣ кард.
Ҳамчунин, масъалаҳои табодули таҷрибаи қонунгузорӣ, сафарҳои мутақобилаи парламентӣ, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ, табодули донишҷӯёну олимон ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар доираи созмонҳои байнипарламентӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки мулоқоти мазкур ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамкории байни парламентҳои ду кишвар мусоидат хоҳад кард.