Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр шуд. Дар ин хусус аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд.
Китоб ба шинохти амиқтари таърихи тамаддун, ҷойгоҳи тоҷикон дар ташаккули фарҳанги минтақа ва арзишҳои таърихию маънавии миллати тоҷик равона шуда, муаллиф бо такя ба маводи таърихӣ, маъхазҳои илмӣ, санадҳо ва далелҳои марбут ба давраҳои гуногуни таърихи тамаддуни ориёӣ масъалаҳои муҳими таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавиро мавриди таҳлил қарор додааст.
Мавзуи тамаддуни ориёӣ дар китоб дар пайванди ногусастанӣ бо таърихи ташаккул ва рушди фарҳанги тоҷикон баррасӣ шуда, ба масъалаи рисолати таърихии миллати тоҷик таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар саҳифаҳои китоб андешаҳо ва далелҳои гуногун вобаста ба мероси таърихию фарҳангӣ, арзишҳои маънавӣ, нақши дониш, илму фарҳанг ва суннатҳои созандаи мардумони ин сарзамин баён шудаанд.
Яке аз вижагиҳои муҳими ин асар дар он зоҳир мегардад, ки китоб бо се забон таълиф гардидааст. Ин иқдом барои дастрасии васеи муҳаққиқон, донишмандон, омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони дохилу хориҷи ҷумҳурӣ ба маводи китоб имконияти бештар фароҳам меорад. Нашри сезабонаи асар ба муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон дар фазои илмӣ ва фарҳангии байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Китоб аз нигоҳи тарбиявию маърифатӣ низ аҳамияти хос дорад. Шинохти таърихи миллат, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дарки сабақҳои таърихӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии насли наврас ва ҷавон нақши муҳим мегузорад. Аз ин рӯ, маводи асар метавонад ҳамчун сарчашмаи иловагии маърифатӣ барои омӯзиши таърих, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон истифода шавад.
Бахшида шудани асар ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба мазмуну ҳадафи он аҳамияти рамзӣ мебахшад. Истиқлол барои миллат имкони мустақилона таҳқиқу муаррифӣ намудани таъриху фарҳанг ва мероси маънавиро фароҳам оварда, таваҷҷуҳ ба омӯзиши арзишҳои таърихӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ дар ин давра аҳаммияти бештар касб кардааст.