Дирӯз дар доираи чорабиниҳои марбут ба мулоқоти вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд. Дар ин бора аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.
Зимни боздид меҳмонон бо бахше аз экспозитсияи Осорхонаи миллӣ шинос шуда, бо намунаҳои муҳимми мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик ва таърихи чандинҳазорсолаи кишвар ошно гардиданд.
Боздиди мазкур дар доираи барномаи будубоши ҳайатҳои иштирокдори чорабинӣ дар Тоҷикистон сурат гирифта, барои шиносоии меҳмонони хориҷӣ бо таъриху фарҳанг ва мероси миллӣ мусоидат намуд.