Имрӯз дар шаҳри Коянги Ҷумҳурии Корея Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Korea International Tourizm Show 2023 баргузор гардид, ки дар он кормандони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти КВД «Маркази иттилоотӣ ва хизматрасонии сайёҳӣ» ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок доранд. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни баргузории намоишгоҳи мазкур байни ширкатҳои сайёҳӣ, намояндагони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони соҳаи сайёҳии кишварҳои иштироккунанда, аз ҷумла Узбекистон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Федеративии Нигерия, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка, Индонезия ва дигар давлатҳо гуфтушинодҳо оид ба ҷалби сайёҳон ба мамлакат доир мешаванд.
Бояд гуфт, ки иштироки намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат ва муаррифии иқтидорҳои сайёҳӣ дар чунин майдонҳои намоишии сатҳи ҷаҳонӣ ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва ба ин васила рушд намудани соҳаи сайёҳии мамлакат мусоидат менамояд.