Бо мақсади тақвият бахшидани дониши соҳавии кормандони телевизион ва радиои кишвар аз 31 июл то 17 августи соли 2023 дар МД «Академияи ВАО» машғулияти омӯзишии навбатӣ дар бахши журналистикаи соҳаи ҳуқуқ (амният ва мудофиа) баргузор гардид.
Дар баробари дигар кормандон муҳаррири варзидаи шабакаи «Фарҳанг»-и Радиои Тоҷикистон Бахтиёр Раҳмонов дар давраи омӯзишии мазкур иштирок намуда, бо шаҳодатнома сарфароз гардонида шуд, ки дар асоси он ҳуқуқи пешбурди фаъолият дар самти журналисти соҳаи ҳуқуқро дорад.
Алиев Фарух, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба шунавандагон асосҳои ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла қонунҳо, санадҳо, аҳднома ва дигар масъалаҳои назариявии соҳаи ҳуқуқшиносиро таълим дод.
Соҳаи ҳуқуқшиносӣ яке аз соҳаҳои муҳим барои ҷомеа мебошад ва фаро гирифтани донишҳои назариявии соҳаи мазкур барои рӯзноманигорон имкон фароҳам меоварад, ки дар инъикоси мушкилот ва проблемаҳои марбут ба ҳуқуқи ҷомеа ба шакли касбӣ амал намоянд. Аз ҳамин назар, муассисаи номбурда тасмим гирифт, ки машғулияти соҳавии ҳуқуқро доир намояд ва бо ин роҳ асосҳои соҳаи ҳуқуқ, ҳамчунин таъмини амнияти иттилоотӣ ва мудофиаро ба рӯзноманигорон таълим диҳад.
Шарҳу тавзеҳи қонунҳо, инъикоси проблемаҳои ҳуқуқии ҷомеа, ҳуқуқ ва меъёрҳои ҳифзи амнияти иттилоотӣ, дифоъ аз манфиатҳои миллӣ яке аз масъулиятҳои муҳими рӯзноманигорон мебошад. Дар машғулияти мазкур принсипҳои риоя ва татбиқи меъёрҳои зикршуда омӯзиш дода шуд.