28 август Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Зимни сафар ҷаласаи Шурои муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия ба нақша гирифта шуда, инчунин Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев мулоқот менамояд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории ду вазорат доир ба муҳоҷирати корӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо нисбат ба муҳоҷирони тоҷик ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ мешаванд.