12 сентябр дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 28-уми шаҳри Хуҷанд даври сеюми озмуни ҷумҳуривии «Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» оғоз ёфт. Дар ин бора аз МИҲД-и вилояти Суғд хабар доданд.
Чорабиниро муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ифтитоҳ намуда, паёми муборакбодии Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Раиси комиссияи даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Раҷаббой Аҳмадзодаро расонид.
Таъкид карда шуд, ки тибқи Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» гузаронида мешавад.