РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода давлатҳои аъзои СҲШ-ро ба татбиқи бетаъхири Стратегияи рушди иқтисодии Созмон барои давраи то соли 2030 даъват намуд

Масъалаҳои муҳими дурнамо ва тадбирҳои таъмиқи ҳамкории байни давлатҳо дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, фарҳанг, гуманитарӣ ва ғайра имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаи 22-юми Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳайати васеъ, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд, қарор гирифтанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки давлатҳои СҲШ бояд қабули нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии ин созмон суръат бахшанд.

«Зарур мешуморам, ки механизми ҳамоҳангсозӣ ва қабули нақшаи чорабиниҳои асосии татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ барои давраи то соли 2030 бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии минтақаи СҲШ суръат бахшида шавад», — тазаккур дод Сарвазири Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ барои давраи то соли 2030 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, моҳи июли соли 2023 дар Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ тасдиқ гардида буд. Он беш аз 15 барнома, аз ҷумла харитаи роҳ барои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияро дар бар мегирад.

Сарвазири мамлакат ҳамчунин илова намуд, ки имрӯз Тоҷикистон ба ҷалби технологияҳои пешрафтаи коркарди ашёи хом, рушди мошинсозӣ, истихроҷи ангиштсанг, истихроҷи маъдан, саноати сабук, хӯрокворӣ ва ғайра манфиатдор мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram