Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони мардумро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду бунёдкори моро ба сӯйи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир равшан намуд.
Таҳияи Конститутсия бо ҷалби неруҳои ақлонии ҷомеа бо назардошти манфиатҳои олии миллату анъанаҳои созандаи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва истифода аз таҷрибаву дастовардҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ сурат гирифт. Чунончи, “ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин замина Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд”, — гуфтаанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Конститутсия истилоҳи лотинӣ — constitution буда, маънои муқарраркунӣ ё тасдиқкуниро дорад, лекин имрӯз конститутсияро на бо ин маъно, балки ҳамчун қонуни асосии давлат медонем. Аз ин рӯ савол ба миён меояд, ки аз кадом давра конститутсияро ҳамчун қонуни асосии давлат эътироф намудаанд, чунки он таърихи куҳан дошта, бо маънои қайднамуда дар таҷрибаи давлатдорӣ истифода мешуд. Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ на дар давлати ғуломдорӣ ва на дар давлати феодалӣ вуҷуд надошт. Пайдоиши конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ба давлати буржуазӣ, яъне аз замони ба сари қудрат омадани синфи буржуазӣ, рост меояд. Ба ибораи дигар, пайдоиши конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ба револютсияи буржуазӣ мансуб аст. Аз ин рӯ аввалин конститутсияи буржуазӣ ба маънои том Конститутсияи ШМА (соли 1787) ва Конститутсияи Фаронса (соли 1791) ба ҳисоб мераванд.
Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳ он аст, ки Тоҷикистон то истиқлол ба даст овардан (9-уми сентябри соли 1991) марҳилаҳои гуногуни сиёсиро тай намуд. Истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули Конститутсия ташкили давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳравандӣ ба вуҷуд омад.
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо интихоби ҳайати нави Ҳукумат ва Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Дар ин давра таҳияи санаду қонунҳои нав, аз ҷумла, қабули Конститутсияи нав зарур буд. Аз ин лиҳоз комиссия таъсис ёфта, лоиҳаи Конститутсияро таҳия намуданд. Сокинони мамлакат дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ фаъолона иштирок карданд. Дар 64 ҳавзаи овоздиҳӣ 2685724 овоздиҳанда ба қайд гирифта шуда, 2535437 нафар, яъне 94,4% дар раъйпурсӣ иштирок доштанд. Хушбахтона, 6-уми ноябри соли 1994 бо тарафдории 2352554 нафар ё 87,59% Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва мамлакатҳои Аврупо баҳои баланд гирифт. Дар баробари ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии давлат, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи сифатан нав ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳурӣ ҳақиқатан воқеаи таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Ин ҳуҷҷати бо роҳи демократӣ қабулшуда Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мустаҳкам намуд. Дар он шакли идоракунӣ, сохтори давлатӣ ва режими сиёсӣ муайян карда шуда, давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст. Хусусияти фарқкунандаи Конститутсияи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки он аввалин маротиба усули таҷзияи ҳокимиятро пешбинӣ карда, волоияти меъёрҳои қонуни асосӣ ва бартарияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар намудааст. Дар он аввалин маротиба сухан дар бораи вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд меравад, ки барои конститутсияҳои пешина ин мафҳум арзишманд набуд.
Конститутсия заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд: “Мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад. Ҳамчунин, дар Конститутсия таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ мақсади фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор дода шуд”.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи асосии давлат шинохта шуда, айни ҳол ба хотири ҳифзи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули бонизому муътадили давлати муосири тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи давлат, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия дониста шудааст.
Ҳамзамон, Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлоли давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик ва тоҷикистониён асос гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошт ва дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунандаро иҷро кард.
Аҳаммияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки ин санади олии сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мусоидат намуд ва омили асосии кафолати пойдории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.
Хотирнишон бояд сохт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти миллӣ дорад, чунки он бо иродаи мардуми сарбаланди Тоҷикистон қабул гардида, дар ин санади олӣ аз ҳама муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи фарҳангсолори тоҷик инъикос ёфтааст.
Ба конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 маротиба 26 сентябр соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.
Дар маъракаҳои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия мардуми шарифи Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ иштироки фаъолона намуда, тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки ин тағйироту иловаҳо санади сарнавиштсозро такмил дода, боиси ба зинаи нави рушд ворид шудани Тоҷикистон гардиданд.
Конститутсия эътибори олии ҳуқуқиеро дорост, ки дигар қонунҳо надоранд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккулёбии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории Тоҷикистон ва пойдор гардидану камолоти давлатдорӣ аҳамиятнок аст.
Озодии иттилоот, табъу нашр, сухану андеша рукни асосии озодии воситаҳои ахбори омма аст. Кафолати муҳимтарини озодии иттилоъ манъи сензура асту ҳуқуқ ба озодии афкор ва баён. Воқеан, ҳар сеи рукни муҳимтарини озодии ВАО ва ҷомеаи демократӣ дар моддаи 30-и Конститутсия, ки “ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад”, ба таври рӯшан дарҷ гардидааст.
Конститутсия заминаи ба вуҷуд омадани як зумра қонунҳои вобаста ба матбуот ва дигар намуди ВАО гардид. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори омма”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоот”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи табъу нашр” ва амсоли инҳо қабул ва мавриди истифода қарор гиранд “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”, “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ”, “Дар бораи иттилоот”, “Дар бораи иттилоотонӣ”, “Дар бораи ҳифзи иттилоот”, “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он”, “Дар бораи реклама”, “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, инчунин, консепсия ва барномаҳои давлатӣ, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳврии Тоҷикистон, аз ҷумла, “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводди танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” барои таъмини муқаррароти Конститутсия, ки озодии сухан ва дастрасӣ ба иттилоотро кафолат медиҳад, қабул шудаанд.
Ҳамин тариқ, давоми бисту ҳафт сол Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки он бахтномаи давлату миллат буда, барои рушду инкишофи ин сарзамини озоду обод, миллати куханбунёди тоҷик ва шаҳрвандони шарафманди Тоҷикистон ҳазорсолаҳои дигар хизмат хоҳад кард.
Абдурозиқ АБУНАСРЗОДА,
докторанти Ph.D-и кафедраи матбуоти
факултети журналистикаи ДМТ
Бознашр аз саҳифаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон