30 ноябри соли 2023 cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов зимни сафари корӣ ба вилояти Измир бо Волии вилоят Сулейман Элбан мулоқот анҷом намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳо, аз ҷумла дар самти иқтисодию тиҷоратӣ, рушди робитаҳои байниминтақавӣ, тақвияти ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи сайёҳиро мавриди муҳокима қарор доданд.