РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хатлон. Ҳамкориҳо бо ИМА дар соҳаи илму маориф тақвият меёбанд

Имрӯз муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам Раҳим сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллерро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ Абдулзода Зиёдулло Назар, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мануэл Микаллер, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Артур ван Диезен, роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин бора аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Сулаймонзода Акрам Раҳим, муовини раиси вилояти Хатлон нахуст меҳмононро ба маркази вилояти калонтарини ҷумҳурӣ, ки дорои таъриху тамаддуни бою қадима мебошад, хайрамақдам гуфтанд ва иброз доштанд, ки ҳамкориҳои судманд ба нафъи ҳарду тараф хоҳад буд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи давлатҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико табодули назар карданд.

— Ҳамкории мутақобилан судманд бо лоиҳаҳои ЮСАИД ва ЮНИСЕФ дар вилояти Хатлон ба пешравии фаъолиятҳо дар ҳама соҳаҳо гардида истодааст. Алалхусус, фаъолиятҳои муштарак дар пешрафти соҳаи афзалиятнок ва калидии кишвар-соҳаи маориф бараъло эҳсос мешавад. Хоса таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Шумо дар рушди самти томактабӣ ниҳоят арзишманд аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки танҳо дар ду соли охир фарогирӣ ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак дар сатҳи вилоят хело рӯ ба афзоиш овардааст, — гуфт Сулаймонзода Акрам Раҳим, муовини раиси вилояти Хатлон.

Қайд гардид, ки талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таҳсилоти расмии томактабӣ ва омодагӣ ба мактаб дар ҳоли ршд қарор дорад. Соли 2021 фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ баробар ба 10,2%, соли 2022 фарогирии кӯдакон ба 17 % ва соли равон ин нишондод ба 20,7% баробар шуд, ки ин аз натиҷаҳои ҳамкориҳои қавӣ ва судманд бо ташкилотҳои Юсаид ва Юнисеф дарак медиҳад.

Қобили тазаккур аст, ки ташкилоти ЮСАИД дар ҳамаи 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки қариб 80%-и муассисаиҳои таълимиро дар бар мегирад ва дар доираи ҳамаи лоиҳаҳои татбиқшаванда ҳамкориҳои густурда ба роҳ мондааст.

Такон бахшидан ба самти соҳаи томактабӣ ва умумии ибтидоӣ ба ҳавасмандии омӯзгорон ба фаъолияти корӣ, фаъолгардонии тарбиятгирандагон ва кӯдакон ба озмуну чорабиниҳои дохилимуассисавӣ ва вилоятӣ беҳтар гардида истодааст.

Мануэл Микаллер, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ зикр намуданд, ки ҳадафи лоиҳаи ЮСАИД “Таҳсилоти фарогири томактабӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028” аз татбиқи усулҳои таълимии фарогир ва босифати таҳсилоти томактабӣ бо истифода аз далел, таҳқиқот ва омӯзиши мустақим, навсозӣ кардани барномаи таълими таҳсилоти томактабӣ барои мутобиқ кардани он ба эҳтиёҷоти инфиродии хонандагон, аз ҷумла кӯдакони маъюбиятдошта ва кӯдакони донандаи забонҳои ақалиятҳои қавмӣ, тарғибу ташвиқи таҳсилоти томактабии фарогир дар дохили Тоҷикистон, ки дар стратегияҳо дарҷ гардидааст ва ба таври устувор маблағгузорӣ шудааст ва ҳавасманд кардани иштироки волидон, парасторон, омӯзгорон, воситаҳои ахбори омма, ҷомеаи шаҳрвандӣ барои тарғибу ташвиқи таҳсилоти фарогири томактабӣ барои ҳамагон мебошад.

Зикр гардид, ки ҷиҳати беҳтар намудани фаъолиятҳо дар самти тарбияи томактабӣ, таҳсилоти фароггир, гигиена ва саломатӣ, дарёфти истеъдодҳо ва рушди соҳибкорӣ, муҷаҳҳазгардонии Марказҳои инкишофи кӯдак ва синфхонаҳои фаннӣ, дастрасии технологияи муосир ба шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ, баҳравар гардидани омӯзгорон аз технологияи муосир ва усулҳои фаъоли таълим, такмили ихтисоси омӯзгорон ба пешрафти кори соҳаи маорифи вилоят ва ба даст овардани натиҷаҳои хуб ва беҳтар ноил гардида истодааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram