РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тозанашр. “Фарҳанг ва таҳаввули он дар замони истиқлол”

Таҳти унвони “Фарҳанг ва таҳаввули он дар замони истиқлол” китоби Мунаввари Сафар аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуд. Дар ин бора аз пажӯҳишгоҳи мазкур хабар доданд.

Дар китоб маҷмуи мақолаҳо оид ба рушди фарҳанги миллӣ дар замони Истиқлол ва матолиб дар заминаи ташаббусу ибтикороти  созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар ва таҳкими ваҳдати миллӣ, ки ғояи асосии миллату давлат аст ва фарогири мавзуи илмии “Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол” (2021-2022) мебошад, гирд оварда шудааст. Дар китоб ҳамчунин, матолиби ҷолиб дар доираи ин мавзуи илмӣ оид ба омилҳои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстиву ватанхоҳӣ, фарҳанги муносиботу ҳамкориву ҳамдилӣ, рушди сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ дарҷ ёфтаанд.

Ин маҷмӯа барои кормандони соҳаи фарҳангу санъат, устодону донишҷӯёни шуъбаи фарҳангшиносӣ ва рӯзноманигории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар, ҳамчунин, хонандагони касбу кори гуногун пешниҳод мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram