РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вакилони Маҷлиси намояндагон ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо сафар менамоянд

Аз 26 январ то 5 феврал вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мулоқот бо интихобкунандагон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар менамоянд.  Тавре аз Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд, он тибқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вакилони Маҷлиси намояндагон давоми 10 рӯз вобаста  ба  таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 ва санадҳои  нави  ин мақоми олии қонунбарор бо интихобкунандагон суҳбату мулоқот  анҷом  медиҳанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамчунин дар маҳалҳо бо ҳайатҳои меҳнатии омӯзгорон, духтурон, намояндагони сохторҳои қудратӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  мулоқот намуда,  ба ҳалли мушкилоти  ҷойдошта мусоидат менамоянд.

Мулоқоту суҳбатҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат гувоҳи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба некуаҳволии мардум пайваста таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram